Temps d'exécution (0,00281 secondes)
#1

Interprétation de ( Al-Baqarah 282 ) dans Tajik par AbdolMohammad Ayati - tg

[ Эй касоне, ки имон овардаед, чун қарзе то муддате муъайян ба якдигар дихед, онро бинависед. Ва бояд дар байни шумо котибе бошад, ки онро ба дурустӣ бинависад, Ва котиб набояд, ки дар навиштан аз он чӣ Худо ба ӯ омӯхтааст, сарпечӣ кунад. Ва мадюн (қарздор) бояд, ки бар котиб имло кунад ва аз Оллоҳ Парвардигори худ битарсад ва аз он хеҷ накоҳад. Агар қарздор нодон ё сағир бувад ё худ навиштан наметавонад, валии ӯ аз рӯи адолат бинависад. Ва ду шоҳиди мард ба шаҳодат гиред. Агар ду мард набувад, як марду ду зан, ки ба онҳо ризоият диҳед, шаҳодат бидиҳанд, то агар яке фаромӯш кард, дигаре ба ёдаш биёварад. Ва шоҳидон чун ба шаҳодат даъват шаванд, набояд, ки аз шаҳодат худдорӣ кунанд. Ва аз навиштани муддати дайки (карзи) худ, чӣ хурд ва чӣ бузург, малӯл машавед. Ин равиш дар назди Худо одилонатар аст ва шаҳодатро устувордорандатар ва шакку шубҳаро дуркунандатар. Ва ҳар гоҳ муомалаи нақдӣ бошад, агар барои он санаде нанависед, муртакиби гуноҳе нашудаед. Ва чун муомалае кунед, шоҳиде гиред. Ва набояд ба котибу шоҳид зиёне бирасонод, ки агар чунин кунед, нофармонӣ кардаед. Аз Худой битарсед. Худо шуморо таълим медиҳад ва Ӯ бар ҳар чизе огоҳ аст! ] - Interprétation de ( Al-Baqarah 282 )

[ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا تَدَايَنْتُمْ بِدَيْنٍ إِلَى أَجَلٍ مُسَمًّى فَاكْتُبُوهُ وَلْيَكْتُبْ بَيْنَكُمْ كَاتِبٌ بِالْعَدْلِ وَلَا يَأْبَ كَاتِبٌ أَنْ يَكْتُبَ كَمَا عَلَّمَهُ اللَّهُ فَلْيَكْتُبْ وَلْيُمْلِلِ الَّذِي عَلَيْهِ الْحَقُّ وَلْيَتَّقِ اللَّهَ رَبَّهُ وَلَا يَبْخَسْ مِنْهُ شَيْئًا فَإِنْ كَانَ الَّذِي عَلَيْهِ الْحَقُّ سَفِيهًا أَوْ ضَعِيفًا أَوْ لَا يَسْتَطِيعُ أَنْ يُمِلَّ هُوَ فَلْيُمْلِلْ وَلِيُّهُ بِالْعَدْلِ وَاسْتَشْهِدُوا شَهِيدَيْنِ مِنْ رِجَالِكُمْ فَإِنْ لَمْ يَكُونَا رَجُلَيْنِ فَرَجُلٌ وَامْرَأَتَانِ مِمَّنْ تَرْضَوْنَ مِنَ الشُّهَدَاءِ أَنْ تَضِلَّ إِحْدَاهُمَا فَتُذَكِّرَ إِحْدَاهُمَا الْأُخْرَى وَلَا يَأْبَ الشُّهَدَاءُ إِذَا مَا دُعُوا وَلَا تَسْأَمُوا أَنْ تَكْتُبُوهُ صَغِيرًا أَوْ كَبِيرًا إِلَى أَجَلِهِ ذَلِكُمْ أَقْسَطُ عِنْدَ اللَّهِ وَأَقْوَمُ لِلشَّهَادَةِ وَأَدْنَى أَلَّا تَرْتَابُوا إِلَّا أَنْ تَكُونَ تِجَارَةً حَاضِرَةً تُدِيرُونَهَا بَيْنَكُمْ فَلَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ أَلَّا تَكْتُبُوهَا وَأَشْهِدُوا إِذَا تَبَايَعْتُمْ وَلَا يُضَارَّ كَاتِبٌ وَلَا شَهِيدٌ وَإِنْ تَفْعَلُوا فَإِنَّهُ فُسُوقٌ بِكُمْ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَيُعَلِّمُكُمُ اللَّهُ وَاللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ ] - البقرة 282